Алҷазира гузориш кард, шаби гузашта Исроил ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза идома дод. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди шуҳадо ба 436 нафар аз ҷумла 78 кӯдак афзоиш ёфтааст ва ҳудуди 2300 нафар аз ҷумла беш аз 120 кӯдак захмӣ шудаанд.
Аз сӯи дигар сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт: артиш ҳамалоти густурдаеро ба Навори Ғазза анҷом медиҳад ва зарботи мӯҳликеро ба тавоноиҳои ҷунбиши Ҳамос ворид мекунад.
Абуҳмза, сухангӯи гурдонҳои Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ низ аз Фаластинён дар ҳама ҷо ба вижа дар Каронаи Бохтарӣ хост то ба амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо бипайванданд ва ваҳдати ҷабҳаи муқовиматро нишон диҳанд.
Нокомии Исроил дар ҷаласаи Шӯрои Амният
Нишасти изтирории Шӯрои Амният дар бораи таҳаввулоти амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, рӯзи гузашта баргузор шуд. Пеш аз баргузории ин нишаст, Иёлоти Муттаҳида аз ҳамаи аъзои Шӯрои Амният хост то ҳамлаи Ҳамос ба Исроилро «қотеъона» маҳкум кунанд. Бо ин ҳол ин хостаи Амрико бо нокомӣ мувоҷеҳ шуд ва ҳеҷ иҷмоъе барои маҳкумияти Ҳамос бадаст наомад.
Абу Убайда, сухангӯи гурдонҳои Ал-Қисом гуфт, ки размндагон ҳамчунон дар чандин минтақа бо неруҳои ишғолгари Исроил даргир ҳастанд ва тавонистанд ба манотиқи наздики Ашкелон бирасанд. Абу Убайда ҳамчунин эълом кард, ки муқовимат тавонист гурӯҳи ҷадиде аз усарои Исроилиро гирифта ва вориди Навори Ғазза кунад.